EN | TJ
Филиал Московского государственного университета имени М.В. Ломоносова в городе Душанбе

ПОЗДРАВЛЕНИЕ ИСПОЛНИТЕЛЬНОГО ДИРЕКТОРА С ДНЁМ ГОСУДАРСТВЕННОГО ЯЗЫКА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

3 Октября 2025

Муҳтарам устодону кормандон ва донишҷӯёни азиз!

Бо эҳсоси ифтихор ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Забони тоҷикӣ ҳамчун омили асосии худшиносиву ҳувияти миллӣ, чун сутуни маънавии давлат моро ба гузашта пайваста, ояндаи равшани миллатро таъмин месозад. Дар ин забон адабиёти ғанӣ, фарҳанги воло, ахлоқу одоб, ҷаҳонбинӣ ва хирадмандии ниёгони мо таҷассум ёфтааст.

Дар ҳақиқат, маҳз тавассути забон мо тавонистаем ҳофизаи таърихиву фарҳангии худро ҳифз намоем ва пайванди нопайванди худро бо дастовардҳои маънавию илмии ҳазорсола эҳсос кунем. Аз ин рӯ, забони давлатӣ барои ҳар фарди тоҷик азизу муқаддас мебошад.

Ҳамзамон бояд таъкид намоям, ки рушди забони миллӣ танҳо бо талошҳои доимӣ ва ғамхории пайваста имконпазир аст. Забон мисли ҷисми зинда ба парваришу ҳифз ниёз дорад. Агар мо онро аз унсурҳои бегона поку беолоиш нигоҳ надорем, меъёрҳои адабии он халалдор гардида, забон ҷойгоҳи аслии худро дар ҷомеа аз даст хоҳад дод.

Мо аз таърихи наздик огоҳем, ки пеш аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ забони тоҷикӣ ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардида буд. Танҳо истиқлол ва мақоми расмии давлатӣ бахшидани он забони моро аз ин бунбаст наҷот дод.

Боиси ифтихори бузург аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ мақоми конститутсионии худро ба даст овард ва бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шароити мусоид барои густариш ва истифодаи он муҳайё гардид.

Аз байн тамоми монеаву маҳдудиятҳои сунъии давраи то истиқлол бартараф карда шуда, забони модарии мо ба шоҳроҳи озоду тоза ворид гардид.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, “забони хушоҳангу зебо ва шевову шоиронаи тоҷикӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ нерӯи тоза гирифта, имрӯз аз минбари бонуфузтарин созмони дунё – Созмони Милали Муттаҳид баланд садо медиҳад ва шуҳрати Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам афзун мегардонад”.

Имрӯз мо бо қаноатмандӣ метавонем таъкид намоем, ки татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди забони тоҷикӣ бомаром идома дорад ва ин забони шоиронаву фасеҳ чун рамзи ҳастиву бақои миллат, чун нишонаи ифтихор ва ваҳдати миллии мо дар ҷомеа ҷойгоҳи арзандаи худро соҳиб гардидааст.

Новобаста аз он ки дар фаъолияти ҳаррӯзаи Филиали мо – таҳсил, муошират ва коргузорӣ асосан бо забони русӣ ба роҳ монда шудааст, мо ҳамеша арзишҳои миллиро, аз ҷумла забони давлатиро, пос медорем ва пайваста ташаббусҳои мушаххасро ҷиҳати гиромидошту рушди он амалӣ месозем. Аз ҷумла, дар доираи чорабиниҳои фарҳангиву илмӣ, озмуну маҳфилҳо, ҳамоишу конфронсҳо ва барномаҳои маърифатӣ ба таври васеъ истифодаи забони давлатӣ ташвиқ ва тарғиб карда мешавад.

Бо камоли боварӣ изҳор менамоям, ки донишҷӯёну устодони Филиал дар ҳифзу рушди забони давлатӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Бигзор забони модарии мо ҳамеша поку равшан, фасеҳу ширин ва пояндаву ҷовидон бимонад!

Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!