Устодону кормандони муҳтарам
ва шогирдони азиз!
Шуморо ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош мегӯям.
Забони давлатӣ дар ҳама давру замонҳо рукни асосии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари соҳибистиқлол забони тоҷикиро забони ягонаи давлатии худ эълон доштааст. Дар моддаи 2-и Конститутсия муқаррар шудааст, ки «забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст». Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки яке аз рукнҳои муҳими давлатдории тоҷикон забони он мебошад.
Забони тоҷикӣ василаи маҳфуз доштани мероси гаронбаҳои маънавии чанд ҳазорсолаи халқи тоҷик буда, дар таърихи тӯлонӣ дар муборизаҳо ҳамеша муттаҳидгари халқи тоҷик маҳсуб мешуд. Дар забони модарӣ ҳофизаи халқ, ҷаҳони маънавӣ, меъёрҳои ахлоқии халқи тоҷик ҳифз карда шудаанд ва забони модарӣ яке аз чаҳор аломати шинохти миллати тоҷик мебошад.
Дар посдории забони тоҷикӣ Истиқлоли давлатӣ нақши бориз гузошт. Он забони тоҷикиро ба шоҳроҳи инкишоф бароварда, имконият фароҳам овард, ки ба забони тоҷикӣ дар сатҳи конститутсионӣ мақоми давлатӣ дода шавад. Ин чунин маъно дошт, ки дар кишварамон тамоми фаъолияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, моддӣ ва маънавию маърифатӣ ба забони тоҷикӣ сурат гирад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 5-уми октябри соли 2009 қабул гардид, мавриди амал қарор гирифтааст. Мувофиқи ин санад мавқеи ҳуқуқии забони тоҷикӣ муайян карда шудааст, ки дар рушди забони тоҷикӣ нақши муҳим мебозад.
Дар замони Истиқлоли давлатӣ бо кӯшиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии забони тоҷикӣ ба куллӣ дигар шуд. Бо дарки муҳимтарин ва умдатарин масъала, яъне хусусияти муттаҳидгардонӣ ва ваҳдатофарии забон Роҳбари давлат онро ҳамчун рукни устувору побарҷои давлатдории навини тоҷикон эътироф намуданд, ки аз азамату ҷалол ва иқтидору нерую тавоноии забони тоҷикӣ сарчашма мегирад.
Бо ташаббусҳои пайвастаи Сарвари тоҷикони ҷаҳон забони тоҷикӣ ба феҳристи забони давлатҳои мустақил дохил шуд, барои шинохти миллати тоҷик ба сифати мардуми дорои ҳама аломату нишонаҳои миллати таърихӣ заминаҳои сиёсӣ фароҳам омад ва дар ориёшиносӣ ва ё эроншиносии муосир шохаи сифатан нави тоҷикшиносӣ ҷойи расмӣ ва мустақиле барои худ пайдо намуд.
Дар ин замина, филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ба сифати муассисаи нерӯманди илмӣ, новобаста аз он ки таълим ва тадрис бо забони русӣ сурат мегирад, ҷиҳати гиромидошт ва рушди забони давлатӣ мунтазам ташаббус зоҳир намуда, дар ҳама равияҳо омӯзонидани забони давлатиро ҷорӣ намудааст.
Санаҳои муҳим, аз қабили ҷашни Истиқлоли давлатӣ, Рӯзи забони давлатӣ, идҳои миллии – Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон бо забони ноби тоҷикӣ баргузор мегарданд.
Мо бояд барои устувор гардонидани забони давлатиамон мунтазам саъю талош намоем, ҷиҳати ғаниву рангоранг сохтани фонди луғавии он кӯшиш кунем, мақоми забони давлатиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат баланд бардорем. Пешвои миллат ҳам дуруст таъкид менамоянд, ки омӯхтану донистани ин забони ширину шоирона ва ғамхорӣ барои рушд ёфтану фарогир шудани он қарзи ҳар як фарди соҳибмаърифати бонангу номуси миллат ва тамоми соҳибзабонон мебошад.
Бори дигар, Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳар яки шумо, ҳамкасбони азиз, самимона табрик гуфта, бурдборӣ, хонаободӣ ва комгориҳоро таманно дорам.
То он рӯзе, ки мо бо забони худ гап мезанем, он рӯз рӯзи забон аст.
То он рӯзе, ки ин забон зинда аст, он рӯз рӯзи забон аст.
То он рӯзе, ки ин забон зинда аст, миллати тоҷик зинда аст.
Забони тоҷикӣ аломати асосии бақои миллати тоҷик аст.
Иди забон муборак!