Омӯзгорони азиз,
донишҷӯёни гиромӣ!
Ҳамасола, 5 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Забони давлатӣ яке аз падидаҳои таърихии замони истиқлол буда, рушду ташаккули пайвастаи он муҳимтарин рамзи Истиқлоли давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад.
Забони тоҷикӣ ҳамчун унсури ваҳдати миллӣ ва сарвати бебаҳои фарҳангӣ, шиносномаест, ки дар ҷаҳон миллати моро пеш аз ҳама ба воситаи он мешиносанд. Аз ин рӯ, ҳифзу ҳимоя ва нигаҳдории забон вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аст.
Забони тоҷикӣ арзишмандтарин сармоя ва муҳимтарин омили ҳифз, ҳимоя ва интиқоли фарҳанг, адаб ва суннату анъанаҳои мардуми тоҷик буда, дар ҳифзи асолати миллӣ ҷойгоҳи меҳварӣ дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари суханрониҳои худ аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бо забони ноби тоҷикӣ сухан мекунанд, ки ин ҳолат ифодакунандаи ифтихор, ҳифз ва арҷгузорӣ ба забони давлатӣ мебошад.
Тавре маълум аст, соҳибистиқлолӣ барои рушду такомули забони тоҷикӣ имконот ва фазои мусоидро фароҳам овард. Маҳз дар ин давраи таърихии давлатдории навин забони давлатӣ ҳамчун неру ва омили муҳимми иттиҳоди миллату халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ пазируфта ва шинохта шуд.
Имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, робитаҳои дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад ва инкишофу рушди забон нишондиҳандаи пешрафти миллат ва давлат мебошад.
Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар низоми давлатдории навини мо яке аз унсурҳои калидӣ ба шумор рафта, он аз тарафи Президенти кишвар ва Ҳукумати мамлакат на танҳо пуштибонӣ меёбад, балки дар сохтори давлатӣ ҷойгоҳи муносиб дорад.
Таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон далели равшани ғамхории Пешвои муаззами миллат дар рушду густариши забони тоҷикӣ ба шумор меравад.
Имрӯз, масъалаи таълим ва тадриси забони тоҷикӣ, такмили равишу усули самарабахши омӯзиши он ҳам яке аз масъалаҳои асосӣ ҷиҳати тақвияти ҳудуди густариши забони меъёрӣ буда, аз ҳар соҳибзабон масъулияти ҷиддиро тақозо дорад. Дар робита бо ин, қайд намудан ба маврид аст, ки новобаста аз хусусиятҳои таълимӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба забони давлатӣ дар Филиал забони тоҷикӣ ҳамчун фанни таълимӣ дар ҳамаи равияҳо тадрис дода мешавад.
Ҳамзамон, ҷустуҷӯ ва пайдо намудани роҳу усулҳои муассири таълими забон, истифода аз методҳои анъанавӣ ва санҷидашуда, ба кор бурдани таҷрибаи беҳтарини омӯзиш, навовариҳо дар ин бахш ва ба талаботи замон мутобиқ кардани онҳо дар мадди назари олимону мутахассисони соҳа қарор дорад, ки ин ба манфиати забони давлатӣ мебошад.
Бо назардошти он ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва муоширату коргузорӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти рӯзмарраи кишвар истифода мешавад, омӯзишу донистани он барои ҳар як сокини ҷумҳурӣ зарур аст. Бо ин мақсад, ҳоло вақти он фаро расидааст, ки ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ, вазорату идора, ташкилоту муассиса, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ бояд дар татбиқи кору вазифаҳои худ риояи меъёрҳои забони адабиро роҳандозӣ намоянд.
Ин амалҳо метавонанд дар рушду густариши минбаъдаи забони давлатӣ қадами қатъӣ бошанд, зеро, тавре маълум аст, забон ҳамчун арзиши меҳварии давлат ва миллат ҳамеша пойдор боқӣ мемонад.
Бо ибрози самимияту таманниёти нек дар ин рӯзи таърихӣ бароятон саломативу сарбаландӣ, бахту иқболи нек, суботи ҳамешагӣ ва пешравию комёбиҳои рӯзафзунро орзу менамоям.
Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
#читаемкнигиЛидера ВИДЕТЬ ЗА СТРАНИЦАМИ КНИГ ЛИДЕРА НАЦИИ МИРОВОЗЗРЕНЧЕСКИЙ ОРИЕНТИР: I ТУР – ШАГ К ГРАЖДАНСКОЙ ЗРЕЛОСТИ
#держимконкурснуюпланку ВКЛАД ДУШАНБИНСКИХ МГУшников В ОБЛИК СОВРЕМЕННОЙ НАУКИ И УКРЕПЛЕНИЕ НАУЧНОГО СУВЕРЕНИТЕТА ТАДЖИКИСТАНА
ПОЗДРАВЛЕНИЕ ИСПОЛНИТЕЛЬНОГО ДИРЕКТОРА ФИЛИАЛА МОСКОВСКОГО ГОСУДАРСТВЕННОГО УНИВЕРСИТЕТА ИМЕНИ М.В. ЛОМОНОСОВА В ГОРОДЕ ДУШАНБЕ ФАЙЗАЛИЗОДА БАХРУЛЛО ФАЙЗАЛИ В ЧЕСТЬ 35-ЛЕТИЯ ГОСУДАРСТВЕННОЙ НЕЗАВИСИМОСТИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН