Муҳтарам профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!
Шуморо ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Забони давлатӣ яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ва омили пайвандбахши ҷомеа мебошад. Он таърихи пурғановати миллат, ҷаҳонбинию фарҳанг ва хотираи маънавии халқро дар худ таҷассум намуда, арзишҳои миллиро аз насл ба насл интиқол медиҳад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ мақоми устувор касб карда, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат густариш ёфт. Дар ин раванд саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз, рушди забони давлатӣ ва баланд бардоштани мақоми он бисёр назаррас аст. Таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллат ба покизагии забон, омӯзиши мероси хаттӣ ва тарғиби забони тоҷикӣ барои таҳкими худшиносии миллӣ заминаи муҳим фароҳам овардааст.
Ҳар яки мо метавонем дар ин кор саҳм гузорем: бо риояи меъёрҳои забони адабӣ, истифодаи саҳеҳи истилоҳот ва таҳияи босифати ҳуҷҷатҳои расмӣ. Ин масъулияти касбӣ ҳамзамон нишонаи эҳтиром ба забон, давлат ва арзишҳои миллист.
Забон мероси гаронбаҳо ва сарвати муштараки мост. Ҳифзу ғанӣ гардондани он ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштан вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Ба ҳамаи шумо саломатӣ, рӯзгори обод, фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои нав орзу менамоям. Бигзор забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатдорӣ, ҳувияти миллӣ ва робитаи наслҳо ҳамеша рушду шукуфоӣ ёбад.
Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!
ПОЗДРАВЛЕНИЕ ИСПОЛНИТЕЛЬНОГО ДИРЕКТОРА ФИЛИАЛА МОСКОВСКОГО ГОСУДАРСТВЕННОГО УНИВЕРСИТЕТА ИМЕНИ М.В. ЛОМОНОСОВА В ГОРОДЕ ДУШАНБЕ ФАЙЗАЛИЗОДЫ БАХРУЛЛО ФАЙЗАЛИ ПО СЛУЧАЮ ДНЯ УЧИТЕЛЯ
#неттехнофобии НАУЧНЫЙ СЕМИНАР ПРО ИИ КАК ИНФРАСТУКТУРУ: НАУЧНАЯ СТРОГОСТЬ, ПОПУЛЯРНОЕ ОБЪЯСНЕНИЕ И ПОВОД ДЛЯ РАЗМЫШЛЕНИЯ