EN | TJ
Филиал Московского государственного университета имени М.В. Ломоносова в городе Душанбе

ПОЗДРАВЛЕНИЕ ИСПОЛНИТЕЛЬНОГО ДИРЕКТОРА ФИЛИАЛА МОСКОВСКОГО ГОСУДАРСТВЕННОГО УНИВЕРСИТЕТА ИМЕНИ М.В. ЛОМОНОСОВА В ГОРОДЕ ДУШАНБЕ ФАЙЗАЛИЗОДА БАХРУЛЛО ФАЙЗАЛИ В ЧЕСТЬ ДНЯ ГОСУДАРСТВЕННОГО ФЛАГА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

24 Ноября 2025

Уважаемые сотрудники, профессорско-преподавательский состав, дорогие студенты!

С глубоким уважением и искренностью поздравляю вас с Днём Государственного флага Республики Таджикистан, желаю вашим семьям мира и благополучия, изобилия и достатка, а нашему любимому отечеству – вечной стабильности и спокойствия.

Государственный флаг является одним из важнейших государственных символов, ярким выражением независимости, суверенитета и современного национального государства. Каждый народ имеет свои символы, которые отражают его историю, культуру, мировоззрение и национальные ценности. В этом ряду Государственный флаг Республики Таджикистан занимает особое место как важный атрибут национальной государственности и служит для каждого достойного гражданина страны символом гордости, верности и преданности Родине.

В период независимости Государственный флаг Таджикистана смог олицетворить высшие ценности нашего народа – единство и сплочённость, национальное самосознание, высокий патриотический дух, любовь к Родине, гуманизм, уважение к культуре и стремление к созиданию. Этот священный символ объединяет нас, вселяет надежду на будущее и является ярким воплощением нашего национального достоинства и чести.

В этой связи Основатель мира и национального единства – Лидер нации, Президент Республики Таджикистан уважаемый Эмомали Рахмон подчеркнул, что «Государственный флаг также считается знаком единства и взаимопонимания, сплочённости, борьбы и усилий наций во имя свободы и независимости».

Эти слова свидетельствуют о том, что Флаг – это не просто внешний знак, а ясный образ пройденного пути народа, его исторических побед, а также его сегодняшних и будущих стремлений.

Государственный флаг Республики Таджикистан – это символ чести и достоинства, национальной гордости, единства и согласия общества, а также воплощение благих стремлений и надежд трудолюбивого и культурного народа. Он направляет нас к развитию и процветанию, укреплению государственности и обустройству страны.

Пусть Государственный флаг всегда реет в мирном и спокойном небе нашего прекрасного Таджикистана, приносит каждой таджикской семье благополучие и вдохновляет наш гордый народ на светлое и счастливое будущее!

С Днём Государственного флага Республики Таджикистан!

 

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ ИҶРОИЯИ ФИЛИАЛИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ МОСКВА БА НОМИ М.В. ЛОМОНОСОВ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ ФАЙЗАЛИЗОДА БАҲРУЛЛО ФАЙЗАЛИ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам кормандон, профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни азиз!

Бо камоли эҳтиром ва самимият Шуморо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба хонадонатон сулҳу сафои рӯзгор, файзу баракат ва ба кишвари маҳбубамон осоишу суботи пойдор орзумандам.

Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз муҳимтарин рамзҳои давлатӣ, ифодаи равшани истиқлол, соҳибихтиёрӣ ва давлати миллии муосир ба ҳисоб меравад. Ҳар як давлат дорои рамзҳое мебошад, ки таъриху фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои миллии онро инъикос мекунанд. Дар ҳамин замина, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба сифати рукни муҳими давлатдории миллӣ ҷойгоҳи хоса дорад ва барои ҳар фарди бонангу номуси тоҷик ҳамчун рамзи ифтихор, вафодорӣ ва садоқат ба Ватан хизмат мекунад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ Парчами давлатии Тоҷикистон тавонист, ки арзишҳои бузурги миллатамон – ваҳдату ягонагӣ, худшиносиву худогоҳӣ, эҳсоси баланди миллӣ, меҳанпарастиву ватандорӣ, фарҳангсолориву инсондӯстӣ ва ҷидду ҷаҳди созандагии мардумро таҷассум намояд. Ин рамзи муқаддас моро ба ҳам меорад, ба оянда умед мебахшад ва ифодаи возеҳи ғуруру нанги миллии мост.

Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки «парчами давлатӣ нишонаи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва талошу муборизаҳои миллат ба хотири истиқлолу озодӣ ба ҳисоб меравад».

Ин суханон баёнгари онанд, ки Парчам танҳо як рамзи зоҳирӣ нест, балки мисоли равшани роҳи тайкардаи миллат, пирӯзиҳои таърихӣ ва саъю талоши имрӯзаву ояндаи мо мебошад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи шарафу номус, ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии ҷомеа ва таҷассуми орзуву ормонҳои неки мардуми меҳнатқарину бофарҳанг аст. Он моро ба сӯи рушду тараққиёт, ободонии Ватан ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ ҳидоят менамояд.

Бигзор Парчами давлатӣ дар фазои ҳамеша орому осудаи Тоҷикистони азиз парафшон бошад, ба болои ҳар хонадони тоҷик файзу баракат биёрад ва мардуми сарбаланди моро ба сӯи фардои дурахшону пурсаодат раҳнамоӣ намояд!

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!